28 Май 2026 - 10:53
Source: ABNA
Ҳамас: Таҳдиди Исроил алайҳи Лубнон, муқтазии амали фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамас таҳдиди режими сионистӣ алайҳи ҷануби Лубнонро идомаи сиёсати таҷовуз донист.

Ба гузориши агентии иттилоотии «Абно» ба нақл аз шабакаи «Ал-Масира», ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамас) эълом кард, ки таҳдидҳои режими сионистӣ барои густариши ҳамлаҳо ба ҷануби Лубнон, идомаи сиёсати таҷовузкорӣ ва ҷазои дастаҷамъӣ алайҳи миллатҳои минтақа аст ва ин амал муқтазирии он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он ба таври фаврӣ вокуниш нишон диҳад.

Ҳамас дар ин изҳорот бори дигар ҳамбастагии пурраи худро бо Лубнон, миллат ва муқовимати он эълом кард ва бар ҳуқуқи мардуми ҷануби Лубнон барои муқобила бо ишғолгарӣ ва дифоъ аз замин ва ҳокимияти худ таъкид кард.

Ин ҷунбиш инчунин аз Иттиҳодияи Араб, Созмони ҳамкории исломӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш кард, ки барои боздоштани фаврии таҷовузҳои мукаррари режими сионистӣ алайҳи Лубнон амал кунанд.

Ҳамас дар идома эълом кард: Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба масъулиятҳои сиёсӣ ва инсонии худ амал кунад ва ба сиёсати таҷовузе, ки режими сионистӣ алайҳи миллатҳои мусалмон пеш гирифтааст, хотима бахшад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha